Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти деҳқонони шаҳри Турсунзода шинос шуд
13 январ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шносоӣ бо фаъолияти деҳқонон, бахусус ангурпарварон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти полезӣ ба шаҳри Турсунзода сафар намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири мамлакатро олимони Акдемияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуда, вазъи воқеии боғҳо ва дигар зироати полезиро дар гармхонаҳо таҳлил намуданд.
Таъкид гардид, ки барфи чанд рӯзи охир ба ниҳолҳои ангур ва зироати полезии гармхонаҳо таъсири манфӣ нарасонидааст. Дастур дода шуд, ки ҳарорати гармхонаҳо мувофиқи меъёри зарурӣ нигоҳ дошта шавад ва таҳти назорати доимии мутахассисон қарор гирад.
Ҳамчунин ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва масъулини соҳа дастур дода шуд, ки фаъолияти фермаҳои мурғпарвариро таҳти назорат қарор диҳанд, то рӯзҳои сарморо бе талаф паси сар гарданд.