Интихоботи навбатии президентӣ дар Россия бо иштироки Владимир Путин мегузарад

Кремл сенарияҳои гуногуни интихоботи президентии соли 2024-ро таҳия мекунад, блоки сиёсии дохилӣ бар он аст, ки президент Владимир Путин дубора ба мақоми сарвари давлат пешбарӣ мешавад, овоздиҳӣ тибқи нақша сурат мегирад, менависад рӯзномаи «Коммерсантъ» бо истинод ба манбаъҳо.

Ҳамсуҳбатони рӯзнома илова карданд, ки Кремл овоздиҳии дарпешистодаро маҳз бо сенарияи иштироки Путин дар интихоботи пешбинишуда бо коршиносон баррасӣ намуд. Яке аз манбаъҳои рӯзнома таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки пеш аз маъракаи президентӣ моҳи сентябри соли равон интихоботи минтақавӣ баргузор мешавад — на кам аз 20 субъекти кишвар бо овоздиҳии мустақим роҳбаронро интихоб мекунанд ва дар 16-тои дигар интихобот ба маҷлисҳои қонунгузор доир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҷадвал имкон медиҳад, ки ғояҳои пурмазмуни маърака санҷида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки интихоботи навбатии президентӣ дар Россия 17 марти соли 2024 таъйин шудааст. Интизор меравад, ки маъракаи интихоботӣ моҳи декабри соли 2023 оғоз гардад.

Қаблан президенти ин кишвар изҳор дошта буд, ки маҳз мавҷудияти ҳуқуқи интихоб шудани ӯ барои давраи нав вазъро дар Россия ба эътидол меорад. Аммо ӯ зикр кард, ки то ҳол дар мавриди пешбарии номзадиаш ба интихоботи соли 2024 тасмим нагирифтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE