ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон ба Чемпионати CAFA-2023 дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» дар як рӯз ду маротиба машқ дорад. Дар айни замон дар ҳайати дастаи мунтахаб 17 бозингар қарор доранд.

Дар Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Акс: ФФТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE