Дар Панҷакент лоиҳаи Барномаи рушди ҳунармандӣ баррасӣ шуд
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳунармандӣ, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, дар шаҳри Панҷакент лоиҳаи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифта, маъқул дониста шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Дар оғози ҷаласа раиси Шӯро, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳайати нави Шӯроро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба аъзоёни собиқи он барои фаъолияти шоиста, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ изҳори сипос намуд. Зимнан, бори нахуст ба узвияти Шӯро соҳибкорони муваффақи зодаи Панҷакент, ки ҳоло берун аз шаҳр ва мамлакат фаъолият доранд, аз ҷумла Толиб Санақулов- соҳибкори номвари сокини Ҷумҳурии Қазоқистон, Нигина Икромӣ- роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» ва ҳамзамон роҳбари корхонаи «Деҳаи Гулзар» шомил карда шуда, ахирӣ роҳбари котиботи Шӯро низ интихоб гардид.
Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025”-ро, ки дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди ҳунармандӣ” ва “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шудааст, ба аъзоёни Шӯро ва ҳозирин муаррифӣ карда шуд
Дар Барнома мақсад, роҳу усулҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумиро дар миқёси шаҳри Панҷакент, роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, марказу растаҳои ҳунармандӣ, ассосиатсияи ҳунармандони шаҳр, озмунҳо байни ҳунармандон, муқаррар намудани имтиёзҳо ва дастгирии молиявии онҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя, омӯхтани таҷрибаи онҳо, иштирок дар ҳамоишу намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ , ҳамгироии рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа, бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ , эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраро фаро мегирад. Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи он ва феҳристи ҳунарҳои мардумӣ ба қисми таркибии Барнома ворид карода шудаанд.
Гуфта шуд, ки то таҳияи лоиҳаи Барнома ба феҳристи ҳунарҳои мардумии шаҳр 76 навъи ҳунармандӣ шомил карда, беш аз 1140 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад.
Аъзоёни Шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласа фикру мулоҳизаҳояшонро дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ баён дошта, онро замина ва роҳбурди муҳим барои рушди ҳунармандӣ донистанд.
Шӯро “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025”-ро маъқул донист ва пешниҳод шуд, ки он тибқи муқаррароти қонун ба тариқи расмӣ тасдиқ карда шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2023 ва рӯзномаи ҷаласаи ояндаи он тасдиқ карда, дар фарҷом чанд нафар аъзоёни фаъоли он бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.