Дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия беш аз 160 нафар соҳибкорони рус иштирок мекунанд

Интизор меравад, ки дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия, ки оғози моҳи март дар Душанбе баргузор мегардад, беш аз 160 соҳибкори рус иштирок намоянд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 14 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар доираи сафари Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармояи русӣ ворид гардидааст. Инчунин дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.

Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории марбут ба рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ менамоянд.

Инчунин мулоқоти доираҳои соҳбкории Тоҷикистон ва Русия дар сиғаи B2B (cоҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE