Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

23 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар муколамаи имсола, ки дар Люксембург баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо низ иштирок доштанд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст иштирокчиён роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ ибрози назар намуданд.

Дар “Харитаи роҳ”-и ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 23 октябр қабул гардид, омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳри вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳамбастагӣ, рақамикунонӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин амният ва таҳкими сарҳад ва муқовимат ба пайомадҳои тағйироти иқлим дарҷ гардидааст.

Дар анҷоми нишаст эъломияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE