Дар Кӯлоб озмуни «Ватанпарвар» доир карда шуд

 23 феврал дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб даври вилоятии Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор карда шуд.

Дар озмун дастаҳои ноҳияҳои Балҷувон ва Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ мақоми сеюм, ноҳияи Восеъ ва Балҷувон зинаи   дуюм ва дастаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолонаашон ҷойи  аввалро соҳиб гардида, аз ҷониби масъулин бо нишону ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ карда шуданд.

Акнун дастаи ғолиб аз шаҳри Кӯлоб роҳхати даври ҷумҳуриявиро ба даст оварда, рӯзҳои наздик ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар мешавад.

Дастаҳои ғолиби марҳилаи ноҳиявӣ ба даври минтақавӣ роҳ ёфта, баҳри дарёфи роҳхат ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ бо ҳам талош варзиданд. Ба ин ҳамоиш дастаҳои пурқувват роҳхат гирифта, ҳар яки онҳо маҳорату малакаи ҳарбӣ-варзиширо дар сатҳи баланд намоиш доданд.

Директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдарҷони Ҳайдар гуфт, ки дар ин озмун ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ аз уҳдаи шартҳо баромаданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE