Дар Душанбе даври дуюми интихобӣ-ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ баргузор мешавад

Март 24, 2023 14:49 

27-28 март дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» — и шаҳри Душанбе даври дуюми интихобӣ -ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «APhO 2023» ва «EuPhO 2023» аз фанни физика баргузор мегардад. Дар ин хусус дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд. 

Дар олимпиадаи мазкур 56 хонандаи вилоят фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври дуюми он роҳхат мегиранд.

Ҷараёни олимпиадаи мазкур тавассути барномаи назоратии «Google Meet» сурат мегирад.

Хотиррасон бояд намуд, ки даври ниҳоии 23-юми олимпиадаи байналмилалии Осиёии «APhO2023» 21-29 май дар шаҳри Улан-Батори Ҷумҳурии Муғулистон ва Олимпиадаи 7-уми байналмилалии аврупоии «EuPhO 2023» 16-20 июн дар шаҳри Ганновери Олмон гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE