Озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, дар ВМКБ ҷамъбаст гардид
Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, таомҳои миллии қадима ва замонавӣ, хӯришҳо, маҳсулоти нонии омоданамудаи хешро манзури ҳакамон гардониданд.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абодуллоева Сафина иштирок намуда, иброз дошт, ки маҳз бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо анъанаҳои мардумӣ аз нав эҳё шуда истодаанд, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” роҳандозӣ шуда истодааст. Таъкид дошт, ки ин озмун дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, имрӯз даври вилоят баргузор карда мешавад. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигаҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Баъд аз муаррифии ҳар як таомҳо аз тарафи кадбонуҳо, ҳайҳати ҳакамон завқи баланди оростани хони идона ва умуман аз руйи шартҳои озмун баҳогузорӣ намуда, шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи якум, ноҳияи Рӯшон сазовори ҷойи дуюм ва ноҳияи Мурғоб сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадр карда шуданд. Ҳамзамон, иштирокчиёни дигар низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома қадрдони гардиданд.