ИМРӮЗ ВЛАДИМИР ПУТИН БО САФАРИ КОРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Имрӯз Президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад.

Намояндагони хадамоти матбуоти сарони ҳар ду кишвар иттилоъ доданд, ки роҳбарони давлатҳо «суҳбати хосса» хоҳанд кард.

Тавре Ёрдамчии Президенти Русия Юрий Ушаков дирӯз, 27 июн ба хабарнигорон гуфт, соли ҷорӣ ин дуюмин сафари хориҷии ӯ хоҳад буд. Моҳи феврали соли равон ӯ аз Чин, ки дар он ҷо Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпӣ баргузор шуданд, дидан намуд.

Ушаков ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ кард, ки ин дуюмин мулоқоти ҳузурии сарони давлатҳои Русия ва Тоҷикистон дар соли равон аст: 16 май президентҳои ҳарду кишвар дар Москва дар ҳошияи нишасти солгарди СААД гуфтшунид анҷом доданд. Илова бар ин, президентҳо пайваста тавассути телефон тамос доранд: имсол аллакай шаш маротиба чунин суҳбатҳо сурат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия бори охир се сол пеш ба Тоҷикистон омада буд: ӯ дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли 2019 дар Душанбе баргузор шуда буд, ширкат намуд. Дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд.

Путин моҳи сентябри соли гузашта низ мебоист ба Душанбе меомад: он замон дар пойтахти Тоҷикистон якбора нишасти ду созмони байналмилалӣ — Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Аммо, чанде пеш аз сафар, ӯ маҷбур шуд, ки аз сабаби тамос бо шахсони мубталои коронавирус дар атрофаш гӯшанишинӣ кунад.

Мавриди  зикр аст, ки Русия аз ҷиҳати ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон  пешсаф аст. Муносибатҳои Душанбе ва Москва дар бисёр соҳаҳо фаъолона ва самаранок рушд меёбанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE