27 июл Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

27 июл дар  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Саридораи геология соати 08:00 дар Саридораи геология доир мегардад.

Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ нишасти матбуотӣ  соати 09:30 гузаронида мешавад.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 14:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE