Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 28 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” ва 6 пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳо Оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд ва пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар ҳудуди деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва номгузорӣ намудани он ба шаҳраки Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъро баррасӣ карданд.

Лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024-2028, Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои дигари маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки баъди муҳокимаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои супоришҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои қаблии Сарвари давлат ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE