ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ВА КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА БА РОНАНДАҲО
Тайи чанд рӯзи охир вазъи ҳаво дар мамлакат номусоид гардида як андоза барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳаракати сокинон монеа эҷод менамояд. Бинобар маълумоти Маркази Обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ин ҳолат тайи чанд рӯзи дигар давом хоҳад кард.
Обуҳавошиносони мамлакат вазъи ҳаворо дар чанд рӯзи охир тағийрёбанда арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар баъзе манотиқи кишвар эҳтимолияти фаромадани туман ва боридани барф пешгуӣ мешавад. Ҷамила Байдуллоева сардори Маркази Обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ мегуяд бештар дар минтақаҳои баландкӯҳ фаромадани тумани ғафс дар назар аст. Ин ҳолат домони худро ба минтақаҳои Суғду Хатлону навоҳии тобеи марказ паҳн менамояд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як Ҳушдор аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш намуд, ки дар ин рӯзҳои аз эҳтиёт кор гиранд ва бесабаб ба минтақаҳои куҳӣ сафар нанамоянд. Умеда Юсуфӣ сухангӮи ин ниҳод дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки эҳтимолияти фаромадани барфтӯдаҳо дар минтақаҳои куҳӣ вуҷуд дорад ва ин ҳолат метавонад монеа дар садди роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт гардад.
Чунин ваъзи ҳаво тақрибан дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат боқи мемонад ва эҳтимолияти чанд рӯзи дигар идома ёфтани он вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок ва барфи рӯзҳои охир моро думболгир хоҳад шуд, гуфт Ҷамила Байдуллоева сардори Маркази Обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.
Маврид ба таъкид аст, ки дар чунин рӯзҳо ҳар яки морро лозим аст, то ба саломатии худ аҳмият диҳем ва аз сафар ба минтақаи кӯҳи худдорӣ намоем, зеро дар ин рӯзҳо хавфи сар задани ҳодисаҳои нохуш вуҷуд дорад.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”