Зарари боди шадид ба хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон муайян гардид
26 апрели соли 2023 дар қаламрави минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи бодҳои шадид ба хоҷагии халқ зарар расид.
Чунончӣ, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб шамоли сахт сабабгори қисман вайрон шудани боми бинои маъмурӣ, ошхонаи Мактаб-интернат барои ятимон, беморхонаи бемориҳои онкологӣ, Маркази ташхиси судӣ, беморхонаи ба номи А.Ҳақназаров, беморхонаи касалиҳои сил, мактаби таҳсилоти умумӣ, кохи фарҳанги шаҳр ва 9 хонаи истиқоматии маҳаллаҳои Умари Хайём, Чаманзор ва Тӯдакафш гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд
Дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод боди шадид қисман ба бом ва тирезаи шаш бинои мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия, ду Маркази саломатӣ, фабрикаи парандапарварӣ, як манбаъи нерӯи офтоб, бинои шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Муъминобод зарар расонд.
Дар қаламрави ҳафт ҷамоати деҳот аз шамол беш аз 107 боми хонаҳои истиқоматии сокинон қисман осеб диданд.
Дар ин офатҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва роҳандозии бартараф намудани паёмадҳои ин офат дар маҳалҳо Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунад.