Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и гарнизони вилояти Хатлон машғулияти ротавӣ-тактикӣ доир шуд

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и гарнизони вилояти Хатлон машғулияти ротавӣ-тактикии ҷузъу томи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал бо омӯзиши маълумоти иктишофӣ  ва коркарду баррасии он аз рӯйи тамсила ё худ макет, ки дар он матлаби машқҳои навбатӣ пешбинӣ гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин хусус дар Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни оғози машғулият гурӯҳҳои таъйиншуда пас аз муайян намудани мавзеи ҷойгиршавии душманони шартӣ ба амалиёт шуруъ намуда, иҷрои вазифаҳои ҷангиро дар самти безарар гардонидани душманони эҳтимолӣ амалӣ намуданд.

Ба андешаи масъулин, мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди ҳама гуна хатару таҳдиди эҳтимолӣ мебошад. Ин аст, ки зимни машқҳои таълимӣ десантчиёни фазои тактикӣ низ бо парашут ба замин фуруд омада, дар доираи уҳдадориҳои низомии хеш вазифаҳои дар ҷараёни машқҳо бар дӯш доштаро муваффақона иҷро намуданд.

Дар ин тамринҳо ҳайати шахсии ҷузъу томи десантӣ бо истифода аз авиатсия, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ вазифаҳои ба онҳо вобастаро сарбаландона амалан коркард намуданд.

Зимни ҷамъбасти машғулияти ротавӣ-тактикии десантчиён масъулини Вазорати мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал дар назди ҳайати иштирокчиёни он оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфта, ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии афсарону сарбозон баҳои муносиб доданд. Таъкид карда шуд, ки ҳар яки мо ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндае, чун терроризму экстремизм бояд ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошему баҳри таъмини амнияти устувор талош намоем.

Ҳамин тавр, барои хизматҳои софдилона, иштироки фаъолона дар тамринҳои ротавӣ-тактикӣ ва дастовардҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ як зумра иштирокчиёни фаъоли тамринҳо бо ифтихорномаву сипоснома ва мактубҳои миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE