Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд

2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ дар амри татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръатбахшӣ ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупоро (GSP+), ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупо ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо тамаркуз ба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE