Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

5 апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот, ки дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ду давлат судовар табодули андеша намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE