Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард

Масъалаи ба фаъолият шуруъ намудани Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Узбекистон Шӯҳрат Вафоев дар Тошканд баррасӣ шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳалли он ва ҳарчи тезтар ба фаъолият шуруъ намудани ширкати муштаракро муҳим арзёбӣ намуд.

Ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд /ҶДММ/ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 миллион доллар таъсис ёфта, ҳаҷми сармояи он  марҳила ба марҳила то 100 миллион доллари амрикоӣ расонида мешавад.

Ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи ҷониби Тоҷикистон 25 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, барои омӯзиш ва дастгирӣ ба Роҳбари Фонди таҷдид ва рушди Узбекистон пешниҳод гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE