Дар шаҳри Сиани Чин «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» таъсис меёбад

10 июн дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардуми Чин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода бо директори Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин Лу Шанбин вохӯрӣ намуд, ки зимни он оид ба таъсиси «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» дар шаҳри Сиани Чин иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамзамон масоили ҳамкории илмӣ байни марказҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Парвиз Муҳаммадзода дар ин ҳамоиш вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро мавриди таҳлил қарор дода, онро хеле ҳассос ва мураккаб арзёбӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки дар чунин раванди мураккаб нақши марказҳои таҳлилӣ дар муайяннамоӣ ва шинохти хавфу хатарҳо, пешбинии равандҳо ва мусоидат дар қабули қарорҳои дахлдор ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, таҳкими равобити илмӣ- таҳлилӣ байни ин ду ниҳоди зеҳнӣ саривақтӣ мебошад. Илова бар ин, мақом ва нақши калидии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва пешрафти ҳамкории Чин бо давлатҳои минтақаро муҳим арзёбӣ намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE