Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея густариш меёбанд

Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Дар мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, равобити фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Таъкид гардид, ки байни ду давлат барои таъмини минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи хуб бунёд гардидааст ва сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE