Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея меҳмони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шуд

Масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкорӣ, татбиқи созишномаҳои байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея ва омӯзиши забонҳои тоҷикию кореягӣ дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея Пэк Чуҳён ва Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тавре Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иттилоъ медиҳад, дар мулоқот дар бораи Донишгоҳ ва шуъбаи забони кореягӣ маълумот дода шуда, иброз гардид, ки дар факултети забонҳои Осиё 98 нафар донишҷӯ ва 196 нафар дар курси омӯзиши забони кореягӣ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 5 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 1 муаллими соҳибзабон таълим медиҳанд.

Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея Пэк Чуҳён изҳор намуд, ки барои тавсеаи равобити судманди дуҷониба саҳми худро гузошта, барои амалӣ шудани пешниҳодҳои ироашуда мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» — и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидааст, муаррифӣ шуда, тақдим гардид. Инчунин бо иштироки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея дар мавзуи «Ҳамкорӣ ба хотири фардои Тоҷикистон ва Корея» суҳбати озод бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ доир шуд.

АКС: Донишгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE