Варзишгарони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон – Дакар-2026 дар Узбекистон омодагӣ мегиранд
Аз 21 июн то 1 июли соли равон барои наврасони федератсияҳои таэквондо, ҷудо, гӯштини юнонӣ-римӣ ва варзиши сабуки Тоҷикистон дар Узбекистон ҷамъомадҳои машқӣ- таълимӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарони навраси мамлакат дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ва дарёфти роҳхат ба 4-ум Бозиҳои олимпии наврасон — Дакар-2026 ба Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар шудаанд.
Бояд таъкид намуд, ки ба ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ 18 нафар варзишгар ва 8 нафар мураббиён ҷалб гардидаанд.
Пеш аз сафарбар гардидани ҳайати варзишгарон ва мураббиёни мамлакат ба ин ҷамъомадҳои машқӣ таълимӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо онҳо мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот варзишгарони наврас ва мураббиён ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дасгириҳои пайваста ва баргузории ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон