20-уми ноябр Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар оғоз меёбад

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) санаи оғози Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатарро як рӯз ба таъхир гузошт. 

Бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор ба рӯзи алоҳида – 20 ноябр гузаронида шуд. Қаблан бозӣ бояд дар ҳамон рӯз- 21 ноябр доир мешуд, ки вохӯриҳои Сенегал – Ҳолланд, Англия – Эрон, ИМА – Уэлс баргузор мешуданд.

Қисмати ниҳоии Чемпионати ҷаҳон- 2022 аз 21 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад. Бозии ниҳоӣ 18 декабр дар варзишгоҳи «Лусаил» дар шаҳри ҳамноми он баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозӣ барои ҷойи сеюм як рӯз пеш дар Варзишгоҳи байналмилалии «Халифа» дар Ал-Райён соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE