Моҳи май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Гран — Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад

Моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва солимгардонӣ мебошад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE