КҲФ: Се нафар дар рӯди Сир наҷот дода шуд


Рӯзи2 июли соли 2023 ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили рӯди Сир дар шаҳри Хуҷанд имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдодамонеро мушоҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. 
Ба иттилои КҲФ, онҳо бо дурбин ин лаҳзаро дида, навбатдор ба наҷотдиҳандагоне, ки ин лаҳзаҳо дар дохили об буданд, дастури кумаки фаврӣ дод.
Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҳама чораҳои заруриро андешиданд ва онҳоро наҷот дода, ба соҳил оварданд.
Кумаки аввалияи тиббӣ расонданд. Ба шарофати амали фаврии имдодагарон хушбахтона, аз фоҷеа пешгирӣ шуд.
Маълум гардид, ки аз ин се нафар ду нафар сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳарду 13-солаанд. Ва сеюмӣ сокини деҳаи Ругуди шаҳри Истаравшан буда, 29 сол доштааст. Ҳар се дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд.
КҲФ як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамгоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва шиновариро ҷиддан риоя намоянд.
Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои зиёдеро дар заминаи пешгирии марги одамон дар обҳоро анҷом медиҳанд. Онҳо ҳамарӯза бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ бо одамон ҳамсуҳбат мешаванд. Ҳамзамон дар тафреҳгоҳҳои соҳилҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву пайваста назорат мебаранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE