Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ идома медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҷамъомади тамринии худро дар шаҳри Давҳа идома медиҳад, ки ҳадафи он омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ (21 март, Риёз ва 26 март, Душанбе) мебошад. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дод.

Рӯзи чоруми тамринҳои дастаи мо дар Қатар ба охир расид. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон ду маротиба – аввал дар толори варзишӣ ва баъдан дар майдон машқ кард.

Қобили зикр аст, ки ба далели рӯза доштани бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон, тамоми тамриноти даста дар ҷамъомади таълимию тамринии Давҳа шомгоҳон сурат мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE