Аввали моҳи сентябр дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад

 Шанбе якуми моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Созмондиҳандагони Фестивали мазкур Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимӣ, федератсияҳои варзишии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади инкишоф, эҳё ва ба таври васеъ тарғиб намудани намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ, ки беш аз 151 намудро ташкил медиҳанд, бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии роҳандозӣ гардидани Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ин эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон мебошад.

Мавриди ёдоварист, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, баҳри оммавӣ гардидани он тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Варзишгарон пайваста дастгирӣ ёфта, сохтмони иншооти варзишӣ низ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7479 майдончаи варзишӣ, 2214 толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошад, ки барои пешрафти соҳаи варзиши мамлакат фаъолияти пурсамар доранд.

Барои равнақи бештар ёфтани ин соҳа давоми се моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 28 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 21 майдончаи варзишӣ, 6 толори варзишӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 7 миллиону 270 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE