Баррасии равобити иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти сафиру вазир

18 июли соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири иқтисод – раиси Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Фикрӣ мулоқот намудааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, инчунин ташкили Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва нишасти навбатии Кумитаи муштараки сармоягузории миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE