«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад…

«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор мегардад.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар доираи ин синамоҷоиза рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қирғизистон, инчунин Рӯзи кинои тоҷик доир мешаванд.

Намоиши филмҳои давлатҳои иштирокчӣ ба тамошобинон имконият медиҳад, ки бо равандҳои эҷодӣ, дастовардҳо ва хусусияти синамои ин кишварҳо бештар шинос шаванд.

Ин чорабиниҳо ҳамзамон ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории эҷодӣ байни синамогарон ва фароҳам овардани замина барои таҳияи филмҳои муштарак мусоидат мекунанд. Вохӯриҳои корӣ ва эҷодии намояндагони соҳаи кино низ аз ҷумлаи чорабиниҳои пешбинишуда мебошанд.

Ҳамзамон барои иштирок дар озмунҳои синамоҷоиза қариб 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва асарҳои истеҳсоли муштарак, ки солҳои 2024–2025 офарида шудаанд, пешниҳод гардидааст. Ҳайати ҳакамон беҳтарин асарҳоро барои марҳилаи ниҳоии озмун интихоб менамояд.

Зимни арзёбии филмҳо ба маҳорати касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сифати сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии асарҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ба ҳайати ҳакамон мутахассисони соҳаи кино, коргардонҳо, филмноманависон, наворбардорон ва муҳаққиқони синамо дохил мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии синамоҷоиза дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии филмсозони ватанӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик мебошад.

Инчунин дар доираи синамоҷоиза таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерҳо» форуми байналмилалӣ доир мегардад. Форум барои баррасии имконоти ҳамкории истеҳсолӣ, ҷалби шарикони нав, табодули таҷрибаи касбӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки синамоӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин баргузории Шурои директорони киностудияҳо дар назар аст. Дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкории истеҳсолӣ, табодули таҷриба, рушди инфрасохтори соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди муҳокима қарор мегиранд. Чунин вохӯриҳо метавонанд барои таҳкими робитаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имконияти нави ҳамкорӣ байни киностудияҳои кишварҳои иштирокчӣ замина гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» баргузор мегардад. Ҳадафи он дастгирии синамои миллӣ, рушди иқтидори эҷодии филмсозон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва таҳкими ҳамкории эҷодӣ мебошад.

Масъалаҳои рушди кинематографияи миллӣ, такмили инфрасохтори соҳа, паҳн ва намоиши филмҳои ватанӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва ҷалби бештари тамошобинон низ аз самтҳои муҳими таваҷҷуҳ ба ин соҳа мебошанд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи Душанбе ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ ва муколамаи тамаддунҳо мусоидат менамояд.

Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» 19 октябри соли 2026, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ғолибони сеюмин синамоҷоизаи миллӣ аз рӯи номинатсияҳои «Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик», «Шоҳҷоиза», «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин» муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Синамоҷоиза барои қадршиносии ҳунари асил, муаррифии филмҳои арзишманд ва густариши ҳамкории синамогарони Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Синамоҷоиза ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр таҷлил мегардад, баргузор шуда, ба муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино равона шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE