Тирпарронии маргбор дар Окленд чанд соат пеш аз Ҷоми ҷаҳонии занон рух дод

Дар маркази шаҳри Окленди Зеландияи Нав чанд соат пеш аз ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии занонаи ФИФА ду нафар ба ҳалокат расиданд. Шаш нафари дигар, аз ҷумла афсарони пулис маҷрӯҳ шуданд ва марди мусаллаҳ низ баъд аз ин ҳодиса дар як майдони сохтмонӣ дар минтақаи тиҷоратии марказӣ кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории BBC иттилоъ медиҳад.

Сарвазири ин кишвар Крис Ҳипкинс гуфт, ки ҳамла ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ намешавад ва ягон ангезаи сиёсӣ ё идеологии ҳамла муайян карда нашудааст. Вай тасдиқ кард, ки мусобиқа тавре ки ба нақша гирифта шуда буд, идома хоҳад дошт. Марди мусаллаҳ субҳи ҷумъа ҳангоми расидан ба сохтмоне дар кӯчаи Квини шаҳри  Окленди Зеландияи Нав бо туфангча мусаллаҳ гардидааст.

Султонализода Ё

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE