«CAFA FUTSAL CUP-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба мусобиқа омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки аз 23 то 30 июл дар Душанбе баргузор мешавад, дар Гулистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи CAFA дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад.  Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Иштирокчиён:

ТОҶИКИСТОН

Эрон

Узбекистон

Қирғизистон

Туркманистон

Афғонистон

Даври 1

23 июл (якшанбе)

12:00 Қирғизистон – Афғонистон

15:00 Эрон – Туркманистон

18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Узбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Даври 3

26 июл (чоршанбе)

14:00 Туркманистон – Узбекистон

17:00 Афғонистон – Эрон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

28 июл (ҷумъа)

14:00 Эрон – Узбекистон

17:00 Қирғизистон – Туркманистон

20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

30 июл (якшанбе)

14:00 Туркманистон – Афғонистон

17:00 Узбекистон – Қирғизистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE