Анҷоми ду амалиёти махсус барои наҷоти кӯҳградони хориҷӣ
22 июли соли 2023 тахминан соати 16:28 дақиқаи вақти маҳаллӣ як гурӯҳ иборат аз панҷ нафар кӯҳгардон аз Федератсияи Русия бо мақсади фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ расиданд. Ҳангоми боло шудан ба сӯи қуллаи мавриди назар яке аз онҳо бо исми Ярсев Герман Николаевич, соли таваллудаш 1973 аз хуруҷи бемории газаки шуш (пневмония) шикоят кард. Сарвари гурӯҳ Яна Борисовна Уляничева ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хостори ёрии фаврӣ шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
24 июли соли 2023 панҷ нафар кӯҳгардони Русия бо кумаки чархболи Сарраёсати қувваҳои сарҳадии КДАМ ба Душанбе интиқол дода шуданд. Г.Н.Ярсев бо мошини ёрии таъҷилии бемористони КҲФ ба касалхонаи “Истиқлол” бурдаву бистарӣ карда шуд.
Ҳодисаи дигар ба кӯҳгардони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Шуғнон рух дод. 20-уми июли соли равон соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумита ин хабар расид, ки ду шаҳрванди Британияи Кабир: Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудан 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст, аз боло афтодаву осеб дидаанд ва муҳтоҷи кумак мебошанд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ баъди аниқ кардани макони ҳодиса барои кумак равон шуданд. Рӯзи 22 июл бо воситаи занбар Майкл Алан Фоуйлерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон интиқол доданд.
Аз сабаби он ки сутунмӯҳраи Симон Андрев Ятес шикаста буд, имдодгарон бо ӯ дар баландии 4184 метр дар наздикии қуллаи Патхор монданд. Баъди расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ бо истифода аз занбари махсус оҳиста-оҳиста ба поён равон шуданд.
Рӯзи 24 июл соати 21:50 дақиқа наҷотдиҳандагон то ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон омаданд ва шабро он ҷо гузаронида, субҳи имрӯз, 25-уми июл бароҳи худ идома доданд.
Қарор аст бо чархболи Вазорати мудофеаи кишвар кӯҳгардро нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Душанбе интиқол диҳанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.
Вале агар рафту шуморо зарур омад ба танҳоӣ кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин қасдатон аз ин сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад.
Дар сурати рӯбарӯ шудан ба ҳодисае ҳатман ба мақомоти марбута, ба хешонатон хабар диҳед.