Дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш барандаи Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид

Мусобиқаи анъанавии Ҷоми «Ҷавонӣ» байни  дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол бо пирӯзии дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА)-и Душанбе ба анҷом расид. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, даҳ дастаи чемпионати Тоҷикистон байни  ҷавонон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиши шаҳри Душанбе  бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Қурбоналӣ Муродов аз КМВА-и Душанбе беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми «Ҷавонӣ» эътироф шуд. Ба ғайр аз ҷом,  ба ғолиби мусобиқа – КМВА 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид. Иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – «Эсхата» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE