Огоҳӣ! Чангу ғубор ва омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта рӯзҳои 29-31 июл аз эҳтимол дур нест
Рӯзҳои 29-31 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 29 июл дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТҶ ва ш.Душанбе бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол тӯфони чангу ғубор дар назар буда, эҳтимолияти баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.