Интиқоли молу маҳсулот бо ҳама намуди нақлиёт 13.7% афзоиш ёфтааст

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор гардид. Зимни нишаст вазири нақлиёт Азим Иброҳим доир ба ҷамбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути ҳама намуди нақлиёт 53 млн 610,4 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 50 млн. 403,7 ҳазор тонна ва роҳи оҳан 3 млн 206,2 ҳазор тонна интиқол дода шудааст. Ба иттилои масъулини вазорати нақлиёт ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 13,7 % афзоиш ёфтааст.

Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE