Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро ифтитоҳ намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 156 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд шудааст.

Дар Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа 14 нафар фаъолият мекунанд. Кормандон аз беҳтар шудани шароити корӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Давоми 5 соли охир аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бинои маъмурии зерсохтори Кумита дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон пурра таъмиру навсозӣ гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат шароити кории кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон низ беҳтар гардидааст.

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз низ бинои нави маъмурии ин Кумита сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бино шинос шуда, аз бунёди иншооти маъмурӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъаро ба фаъолияти хубу босамар ҳидоят намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE