2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Витаминҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов дар ҳамовозӣ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то ҳадди ниҳоӣ ва тақвияти ҳаҷми содироти маҳсулот, ба монанди афшура, нӯшоба, мураббо ва дигар намуди консерваи меваю сабзавот ба хориҷи кишвар, бунёд гардидааст.
Дар корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз давлатҳои Олмон ва Италия дастрас ва васл карда шудааст, тариқи ду хатти технологӣ дар як моҳ имкони коркарди 600 ва дар давоми сол 7 ҳазору 200 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст. Бо истифода аз имконияти фароҳамгардида танҳо дар як соат метавон 2 ҳазору 700 литр афшураю нӯшобаҳои софи табииро бе иловаи шакар ва об истеҳсол намуд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE