2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар шаҳраки Баҳористони ноҳияи Деваштич бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаб барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва кабинетҳои фаннии барҳавою муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, аёниятҳои хониш ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE