Моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ доир мешавад

 Шуруъ аз 12 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ байни ҷавонони 18-20-сола идома дорад. Дар ин хусус дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар робита ба ин мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Хабир Ҳабибуллин вохӯрӣ намуд.

Таъкид шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъмин гардида, барои машқу тамрини ҷавонону варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Гӯштини миллии камарбандӣ дар вилояти Суғд маъруф буда, беш аз 800 нафар варзишгарон ба ин намуди варзиш машғул мебошанд, ки ба онҳо зиёда аз 20 нафар устодони варзиш машқ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 12 то 15 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд байни ҷавонони 18-20-сола доир шуда, дар он варзишгарон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE