Дар Тоҷикистон Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабук ба қайд гирифта шуд

23 январ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ – Федератсияи парапланеризм ба қайд гирифта шуд, хабар доданд дар федератсияи мазкур.

Федератсия тӯли таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал аз ҷониби ҳаводорони асил ва дӯстдорони ин намуди варзиши ҷолиб ифтитоҳ карда шуд.

Рӯзҳои наздик дар ҷаласаи умумии Федератсия роҳбар ва кормандони масъул таъйин карда мешаванд. Ояндаи наздик варзишгарон- парапланчиёни тоҷик парчами моро дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Парапланеризм- парвоз дар параплан аст. Баръакси ҷаҳидан бо парашютҳои идорашаванда параплан- парвози воқеӣ дар бол бо истифода аз энергияи ҷараёнҳои болоравии ҳаво мебошад.

Парапланеризм- ин намуди варзиши фароғатӣ ва ҷалбкунанда аст. Парапланҳо сабук, озоду бе алвонҷ, бе сохтори асосии сахт парвоз мекунанд. Пилот худро бо камарбанди бехатарӣ баста, менишинад ё дар “капсула”-и пилламонанде, ки дар зери боли матоъ овезон аст, ба пушт мехобад. Шакли бол тавассути хатҳои овезон, фишори ҳавое, ки ба ҳавотозакунакҳои пеши бол ворид мешавад ва ба воситаи қувваҳои аэродинамикии ҳавои берунӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сарфи назар аз набудани муҳаррик парвоз дар параплан соатҳои зиёд метавонад давом кунад, бо он садҳо километр роҳро тай кардан мумкин аст, ҳарчанд ки парвозҳои аз як то дусоатӣ бо тай кардани даҳҳо километр меъёр аст. Бо моҳирона истифода бурдани манбаъҳои қувваи болобардорӣ сарнишин метавонад то якчанд ҳазор метр баланд парвоз кунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE