Меҳмонони Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» ба шаҳри Норак сафар карданд
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯзҳо дар кишварамон бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардида истодааст. Дар доираи он имрӯз, тибқи нақша меҳмонон ба шаҳри Норак сафар намуданд. Дар ин хусус ҳамкормон Машраби Холмаҳмад хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Норак меҳмонон аз НБО Норак, ва дар барномаҳои фарҳангӣ дар боғи марказии шаҳр иштирок мекунанд. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор шуда, дар доираи он сокинону меҳмонони пойтахт давоми панҷ рӯз беҳтарин офаридаҳои синамогарони рус ва дигар давлатҳоро тамошо намуда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» то 19 октябр идома меёбад. Дар он меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.
Маликов М.