Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолити ҳуқуқэҷодкунӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолити ҳуқуқэҷодкунӣ” ҳамоиши байналмилалии илмӣ- амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷидин Сатторзода иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиш, ки бо ибтикорӣ Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Маҷлиси намояндагон, мақомоти судӣ, муассисаҳои олӣ, пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва коршиносони соҳаи ҳуқуқ аз дохил ва хориҷи мамлакат ширкат намуданд. Масоили қонунэҷодкунӣ, ҷалби муассисаҳои илмӣ ва дигар сохтори мақомоти давлатию таҳқиқотӣ дар таҳияи ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз масъалаҳои муҳим ва мавриди баҳсу баррасии коршиносони дохил ва хориҷӣ дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ба шумор мерафт.
Т. Сатторов.

