Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми ММ МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад, хабар медиҳад Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум имрӯз 3 ноябр, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ доир мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35 ва 223-12-47.