Дар Душанбе Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
2 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.
Дар форум ширкатҳои бонуфузи ҳарду давлат, хусусан дар самти саноат, энергетика, кишоварзӣ иштирок намуданд. Мақсади баргузории форум- тақвияти ҳамкории дуҷониба байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин дар самтҳои дар боло гуфташуда ба шумор меравад.
Баъд аз анҷоми форум маросими ба имзорасии якчанд санад байни донишгоҳҳои ҳарду ҷониб доир шуд.
Дар ҷараёни форум иброз гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 9 моҳи соли равон ба 1065 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 100 млн доллар ё 10,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 20,7 фоизро ташкил намуда, мавқеи 2-юмро ишғол менамояд.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форум манзур мешавад.