Роҳи деҳаи «Садоқат»-и ноҳияи Фархор чароғон карда мешавад

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масофаи қариб 1 километр шоҳроҳи деҳаи «Садоқат»- и Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор чароғон мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳад.

Иқдоми мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дастгирии як гурўҳ ҷавонони саховатпешаи ин деҳа амалӣ мегардад.

Дар деҳаи мазкур бо мақсади гузаронидани нерўи барқ ба симчўбҳо ва насби чароғҳо ҳоло кандани чуқурӣ ва хобондани ноқилҳои барқӣ идома дорад. Рӯзҳои наздик симчўбҳо насб карда шуда, роҳи деҳа бо пуррагӣ чароғон мегардад.

Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки дар ноҳия дар баробари дигар корҳои ободонӣ, аз ҷумла сабзу хуррамгардонӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, сафолакпўшии роҳҳои пиёдагард, инчунин чароғонкунии роҳҳо ҳам вусъат меёбанд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор бунёду навсозии 400 бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои масъулин, аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ 80 адади он соли 2022, 75-тои он соли 2023, 81 бинову иншоот соли 2024, 59 иншоот соли 2025 ва 106 иншоот соли 2026 бунёд ва навсозӣ мешаванд.

Аз моҳи марти соли 2022 то моҳи октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Фархор зиёда аз 160 бинову иншоот бо тарҳи муосир бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE