Номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»-и ин озмун забондонҳоро муаррифӣ менамояд
Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад.
Тибқи низомнома он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин номинатсияи адабиёти ҷаҳон бо 1 зерноминатсия, бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Тавре қаблан хабар дода будем, озмун 30 октябр оғоз гардида, то 15 ноябр идома меёбад. Аз ҷумла, байни хонандагони синфҳои 1 то 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 30 октябр то 2 ноябр, байни хонандагони синфҳои 5 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ то 5 ноябр, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ то 10 ноябр, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони ксбу кори гуногун то 13 ноябр идома меёбад.
14 ноябр иштирокчиён барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро нишон медиҳанд.
15 ноябр маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар назар дошта шудааст.