Дар Душанбе таҳти унвони “Садои дӯстӣ” барномаи консертӣ баргузор мегардид

Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки соли нави 2024-ро бо барномаи нави консертӣ истиқбол намояд. Ба ҳамин хотир дӯстдорони санъати классикиро ба гала-консерти симфонӣ, ки 19 январ соати 18:00 дар театри мазкур доир мегардад, даъват менамояд.

Ба иттилои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бори аввал дар солҳои истиқлолият дар толори театри мо ду асари бузург – Симфонияи дуюми Сергей Раҳманинов ва достони симфонии «Садо»-и Толибхон Шаҳидӣ иҷро хоҳад шуд.

Ин ду асари – комопозитори бузурги рус ва композитори дурахшони мо, меҳру муҳаббат ба зодгоҳашонро тараннум карда, онро бо завқи беандозаи шоирона ато мекунанд.

Маҳз ҳамин маҳорати фидокоронаи ишқ аст, ки дар ҳайрат меорад ва ин ду олами мусиқӣ – Раҳманинов ва Шаҳидиро, дар гуногунии ҷуғрофӣ ва замонӣ вуҷуд доштаро, ба ҳам мепайвандад.

Барои гузарондани консерти симфонӣ аз Федератсияи Русия зиёда аз 25 навозандагони баландихтисос-ро даъват шудаанд. Зиёда аз 80 навозанда аз мамлакатҳои гуногун — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Италия — дар як саҳна дар Душанбе ҷамъ мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE