ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад

 Пагоҳ, 22 январ дар ҷумҳурӣ бо сабаби шиддатёбии равандҳои атмосферӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ карда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо бориши барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳи мамлакат ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва атрофи он, дар ағбаҳои кӯҳӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бориши бошиддати барф дар назар аст.

Дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани туман, бадшавии дурии биниш, зуҳуроти яхбандӣ, тӯфони барф ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт дар назар аст.

Пагоҳ инчунин дар ағбаҳои кӯҳӣ ва шоҳроҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, тӯфони барф, тумани зич, яхбандӣ, бадшавии дурии биниш ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт пешгӯӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония мевазад.

Аз 21 то 23 январ бинобар сабаби бориши барф дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE