Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир гардид

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар 10 моҳи соли 2023 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 104,7 млрд сомонӣ ва рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил намуд.

Дар доираи ҷаласа мавзуи муҳим- ‹‹Пешгирии болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ» баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ давоми соли 2023 якчанд тадбирҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии беасоси нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ андешида шудаанд. Бахусус ҷаласаҳо бо роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ», Ассотсиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти гандум, орд, равған, шакар ва маҳсулоти нафтӣ баргузор гардида, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки бо мақсади танзими бозори маҳсулоти мавриди ниёзи аввал фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 28 сентябри соли 2023 «Дар бораи муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» тасдиқ гардида, дар доираи он сатҳи ниҳоии даромаднокӣ дар корхонаҳои коркарди гандум, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол ва фурӯши орд вобаста аст, то 10 фоиз муқаррар шудааст.

Дар ҷаласа аз рӯйи натиҷаи баррасии масъала қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гузориши муфассал ирсол мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE