Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбарони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
5 январи соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски ва и.в. роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Татяна Тсуркан баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманд мубодилаи афкор намуда, татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро дар Тоҷикистон матраҳ намуданд.

